Ба қавли хешовандонаш, Мамадсултон Мавлоназаров ба “тундгароӣ” айбдор дониста шудааст, ҳарчанд намедонанд, ки ӯ бар тибқи кадом моддаи Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад. Идораи милисаи Душанбе ва додситонӣ дар робита ба ҷойи нигоҳдорӣ ва айбнома изҳори назар накардаанд.
Яке аз пайвандони Мамадсултон Мавлоназарови 72-сола рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз талошҳои зиёд маълум кардаанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати корҳои дохилӣ нигаҳ дошта мешавад. Ҳамсуҳбати мо гуфт, рӯзи якшанбе ду маротиба ба ӯ ғизову либос бурдаанд, вале иҷозаи мулоқот нагирифтаанд ва маълум нест, ки ӯ вакили дифоъ дорад, ё не.
Мақомоти интизомии Душанбе Мамадсултон Мавлоназаровро рӯзи 16-уми июн аз хонааш бурдаанд ва ба иддаои хешовандонаш, ба ӯ "ҳатто имкон надоданд, ки пойафзолашро бипӯшад."
Муҳаммади Султон, ки 25 сол дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фаъолият доштааст, дар солҳои 70-ум дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" кор кардааст. Ӯ ду се соли ахир дар саҳифааш дар Фейсбук фаъолияти мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ ва раҳбарони онро танқид мекард.
Афсари бознишаста дар яке аз навиштаҳои охираш, дар Фейсбук нигоштааст: "Тамоми қонунҳои хуқуқи инсонро зери по карда, хадамоти академик С. Ятимов таъқиби рӯйиросту ғайрисудиро, ки яқин солҳои пурдаҳшати 37-ум ва Берияро хотиррасон менамоянд, "қаҳрамонона" идома медиҳад."
Муҳаммади Султон чанде пеш дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, ки маъмурони интизомӣ моҳи апрели имсол кӯшиш кардаанд, ӯро аз хонааш дар маҳаллаи 101-уми Душанбе маҷбурӣ ба бозпурсӣ баранд ва хонаашро ҷустуҷу ҳам кардаанд.
Мақомот дар бораи навиштаҳои пешинаи ӯ ва сабаби боздошташ чизе нагуфтаанд ва рӯшан нест, ӯро барои танқидҳояш аз Саймуъмин Ятимов дастгир кардаанд ва ё навиштаҳояш дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон ё масоили дигар.