Ссылки доступа

Боздошти ду сокини Душанбе, ки барои "бурдан ба Амрико" аз чанд кас пул гирифтаанд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду сокинони шаҳри Душанберо ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт кардааст. Ин ду нафар ба он муттаҳам мешаванд, ки аз чанд сокин бо ваъдаи бурдан ба Амрико, пул гирифтаанд.

ВКД мегӯяд, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино, ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Тоҷикобод муроҷиат кардааст, ки ду сокини пойтахт аз ӯ 22 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико равон мекунанд.

Бо ҳамин роҳу ваъда ҳамчунин аз ҷавони 24-солаи дигари сокини ноҳияи Тоҷикобод, низ ҳанӯз моҳи январи соли 2021 маблағи 22-ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсияшон сарф кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан низ дар Тоҷикистон афроди муттаҳам дар қаллобӣ боздошт шуда буданд, ки бо ваъдаи ташкили муҳоҷират ба хориҷи кишвар, аз ҷумла давлатҳои ғарбӣ, аз шаҳрвандон маблағ мегирифтаанд. Мақомот борҳо аз сокинон хоста буд, ки фирефтаи ваъдаҳои таъмини ҷойи кор дар Аврупо нашаванд.

Тоҷикистон феълан бо Русия, Қазоқистон ва Қатар шартнома дар бораи таъмини ҷойи кори шаҳрвандонро дорад. Аз Тоҷикистон ба хориҷ солона беш аз як миллион нафар ба муҳоҷират мераванд ва маблағи фиристодаи онҳо чархаи аслии иқтисоди кишвар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG