Ссылки доступа

Фаъоли мадании қирғиз дар додгоҳ гуфт, гуруснанишинӣ мекунад


Фаъоли маданӣ Мелис Аспеков 21 июн дар Додгоҳи шаҳри Бишкек, ки парвандаи ӯро баррасӣ дорад, гуфт, даст ба гуруснанишинӣ хоҳад зад.

Вай ин тасмими худро баъди талаби ивази додрас эълом кард. Вакили дифои Аспеков ва наздиконаш то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек моҳи марти имсол Аспековро ба "қаллобӣ" ва "тамаъҷӯӣ" айбдор эълом ва 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳамчунин додгоҳ хост, аз фаъоли маданӣ ба нафъи давлат 23 миллион сом рӯёнида шавад.

Аспеков дар ҷаласаи пешин гуфта буд, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз президенти пешини ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков 10 миллион доллар гирифта, як миллиони онро ба корҳои таблиғотии худ дар вилояти Чуй сарф кардааст. Ҷабборов дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч гуна маблағе аз Ҷеенбеков дарёфт накардааст.

Ин фаъоли мадании қирғиз дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи октябри соли гузашта ва баъд аз он яке аз ҷонибдорони Ҷабборов буд. Вай дар давраи интихоботи президентии Қирғизистон дар вилояти Чуй бо интихобкунандагон чандин мулоқот баргузор ва онҳоро ба ҷонибдорӣ аз Ҷабборов даъват карда буд.

Мелис Аспеков моҳи январи соли равон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуданд. Мақомот ӯро дар таҳдид ба раҳбарияти ширкати "Қирғиз Темир Жолу" ва тамаъкорӣ, аз ҷумла талаби 250 ҳазор доллар айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG