Ссылки доступа

Қатори нахустини Душанбе-Тошканд баъди 30 сол ба ҳаракат даромад


Нахустин қатори роҳи оҳани самти Душанбе-Тошканд ба ҳаракат даромада, 21 июн ба пойтахти Узбекистон расид.

Дар хадамоти матбуотии ширкати “Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” гуфтанд, дар бораи ҳаракати қатор дар масири мазкур ва пешвози мусофирон дар истгоҳ "Тошканд-Марказӣ" дертар муфассал иттилоъ хоҳанд дод.

Дарозии масири ҳаракати қатор 916 км буда, ба навиштаи вебсайти your.tj, он дар шаҳрҳои узбекистонии Қаршӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Гулистон ва дар хоки Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ист хоҳад кард. Нархи билети қатор аз 35 доллар шурӯъ мешавад. Қатор аз даҳ вагон, аз ҷумла, як вагон-ресторан, чор купе ва панҷ платскарт иборат аст.

Барқарор шудани ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Узбекистон ҳодисаи таърихӣ аст, чун баъди қатъ шуданаш дар поёни солҳои 1990-ум бо баҳонаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ин роҳ барои мусофирон пурра баста шуд. Роҳи мошингарди заминӣ танҳо василаи сафар ба Узбекистон ва Тоҷикистон буд ва танҳо баъди соли 2018 парвозҳои ҳавоии миёни Душанбеву Тошканд барқарор гардиданд.

Соли 2018, баъди сари кор омадани президент Шавкат Мирзиёев Тоҷикистону Узбекистон даҳҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дар бисёр соҳаҳоро имзо карда, сарҳадҳоро боз ва рафтуомади мардумро миёни ду кишвар озод намуданд.

XS
SM
MD
LG