Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҳангоми қонунигардонии дороиҳо маҳви эъломияҳои пешинро ваъда медиҳанд


Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон лоиҳаи қонун "Дар бораи қонунигардонии ихтиёрӣ ва афви дороиҳои шахсони воқеӣ"-ро, ки ҳоло дар порлумони он кишвар баррасӣ мешавад, шарҳ дод.

Ба огаҳии вазорат, лоиҳа аз қонунҳои пешин бо он фарқ мекунад, ки як қатор кафолатҳои давлатиро пешбинӣ кардааст. Яке аз онҳо “маҳви якдафъаинаи эъломияҳои андоз, ки ба таъмини ҷалби амвол ва даромад ба муомилоти қонунии иқтисодӣ нигаронида шудааст” мебошад.

Ин ниҳод дар шарҳи зарурати қонуни нав гуфтааст, лоиҳаи мазкур ба далели он таҳия шуда, ки бештари шахсон "то ҳол уҳдадориҳои андозии худро ба таври ҷиддӣ иҷро накардаанд ва иҷро намекунанд".

Қаблан муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон Искандар Асилқулов дар порлумон гуфта буд, ки дар гузашта дар ин кишвар се бор маъракаи қонунигардонии дороиҳо дар солҳои 2008, 2009 ва 2013-2014 эълом карда шудааст.

XS
SM
MD
LG