Таҷаммуъгарон дар даст акси наздикони худ, раиси Ҳизби коммунистии Чин Сӣ Ҷинпин ва парчами Қазоқистонро доштанд. Онҳо шиор мепартофтанд, ки "Мақомоти Чин наздикони моро раҳо кунед!", "Урдугоҳҳои сиёсиро бандед!" ва "Озодӣ ба маҳбусони бегуноҳ!".
Яке аз эътирозгарон Ақиқат Халиола гуфт, падари ӯ дар маҳбасе дар Чин ҷон бохтааст ва модару ду бародари хурдиаш бедарак шудаанд. Вай аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дархости кумак кард.
Иқдоми қазоқтаборон пушти дари консулгарии Чин дар шаҳри Алмато 500 рӯз пеш шуруъ шуда буд ва дар давоми ин муттад масъулони намояндагии дипломатии он кишвар боре ба назди онҳо набаромадаанд.
Бархе аз таҷаммуъгарон мегӯянд, пайвандони онҳоро дар Чин дар "урдугоҳҳои бозтарбияи Шинҷон нигаҳдорӣ мекунанд". Бархеи дигар иддао доранд, ки пайвандонашон дар Чин бе айбу асосе ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Гуруҳи севум даъво доранд, ки мақомоти Чин ҳуҷҷатҳои пайвандонашонро мусодира карда, ба онҳо иҷозаи тарки Чинро намедиҳанд.