Ссылки доступа

Дар Қазоқистон таъмиркунандагони қатораҳо корпартоӣ мекунанд


Беш аз 20 корманди ширкати таъмири тепловозҳо дар ноҳияи Темури вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар эътироз ба пардохт нашудани маошашон аз 17 июни соли равон корпартоӣ мекунанд.

"Ман муҳандис ҳастам. Моҳонаи мо бе ин ҳам кам аст ва ҳар моҳ ба дастам ҳудуди 100 ҳазор танга (220 доллар) мегирам. Ҳаминро ҳам аз моҳи январи имсол надодаанд. Вақте аз раҳбарият мепурсем, мегӯянд, даромади корхона харҷҳояшро рӯйпӯш намекунад. Ҳатто ба департаменти меҳнат шикоят кардем", - гуфт муҳандиси қазоқ Арман Алимбоев.

Ба гуфтаи Алимбоев, дар департаменти меҳнати Оқтеппа ба онҳо гуфтаанд, ки тибқи фармони президенти Қазоқистон то моҳи январи соли 2023 ба санҷиши корхонаҳо моратория эълон шудааст ва бинобар ин, "коре карда наметавонанд".

Кормандони норозӣ мегӯянд, моҳона ҳафт ё ҳашт тепловозро таъмир мекунанд. Дар ҳукумати ноҳия гуфтанд, ки аз ин қазия "огаҳ" ҳастанд ва корхона аз кормандонаш 15 миллиону 245 ҳазор танга қарздор аст.

XS
SM
MD
LG