Ба иттилои расонаи лаҳистонии "Wiadomosci ze swiata", вазъи ҷамъоварии мева дар Лаҳистон ба далели норасоии кормандон дар пасманзари манъи берунравии украиниҳо аз кишварашон бад шудааст.
"Коргар намерасад. Пеш аз ҳама, шахсоне пайдо намешавад, ки вазифаҳои мураккаб, аз қабили рондани мошин, трактор ва пошидани нуриҳои минералиро ба уҳда гиранд", - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, аксари кишоварзон аз пӯсидани меваҳо ва истеъмолкунандагон аз гароншавии нархҳо шикоят мекунанд. Бинобар ин, ҳоло имкони ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон ба Лаҳистон баррасӣ мешавад.