Ссылки доступа

Пешгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии 30 тона шакар аз Қирғизистон ба Қазоқистон


Рӯзи 25 июн дар гузаргоҳи "Чон-Капка"-и байни Қирғизистон бо Қазоқистон ронандаи мошини боркаше боздошт шуд, ки мехост, 30 тона шакарро ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Қазоқистон барад.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, ки ҳангоми тафтиши КамАЗ-и таҳти идораи ронанда А.К., соли таваллудаш 1984, шаҳрванди Қазоқистон, марзбонон дар халтаҳои нуриҳои минералӣ шакарро ошкор кардаанд. Ронанда ба марзбонон ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод кардааст, ки дар он интиқоли шакар нишон дода шудааст.

Ин ронанда ба ихтиёри мақомоти масъули Қирғизистон супорида шудааст.

Қирғизистон шуруъ аз 1 июн содироти шакарро муваққатан манъ кард. Девони вазирони Қирғизистон гуфт, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар ва нигаҳ доштани қимати шакар дар бозор гирифта шудааст.

Қазоқистон низ ба далели талаботи зиёд ва камчинии шакар содирони онро аз 23 май манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG