Ссылки доступа

Матни нави Конститутсияи Узбекистон мақоми мухтори Қарақалпоқистонро бекор мекунад


Президент Узбекистана Шавкат Мирзияев на встрече с гражданами в Бозатауском районе, в десятках километров от Нукуса, столицы автономной республики Каракалпакстан. 21 сентября 2021 года

Дар тарҳи нави Конститутсияи Узбекистон, ки матнаш дар дастраси умум қарор дорад, пешниҳод шудааст, мақоми мухтори Қарақалпоқистон бекор карда шавад.

Дар Конститутсияи амалкунандаи Узбекистон Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор нишон дода шудааст, ки истиқлолаш аз сӯи Узбекистон муҳофизат мешавад. Ба илова, тибқи Конститутсияи амалкунанда, Қарақалпоқистон ҳақ дорад, аз ҳайати Узбекистон хориҷ шавад. Дар матни нави Конститутсия пешниҳод доранд, Қарақалпоқистон аз ин ҳақ маҳрум гардад.

Нашрияҳои Узбекистон бо такя ба комисияи ислоҳоти Конститутсия менависанд, ин пешниҳод аз сӯи вакилони порлумони Қарақалпоқистон таҳия шудааст.

Тарҳи ислоҳот ба Конститутсияи Узбекистон рӯзи 25 июн ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон моҳи декабри соли 2021 пешниҳод кард, ки ба Конститутсияи он кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шавад. Дар тарҳи тағйиру иловаҳо ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки муҳлати президентӣ аз 5 соли кунунӣ ба 7 сол тамдид шавад, инчунин ду давраи роҳбарии президенти кунунӣ "ба сифр" баробар карда шавад. Ин маънои онро дорид, ки Мирзиёев бори дигар метавонад, номзадиашро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кунад.

Қарақалпоқистон аз се як қисми Узбекистонро ташкил медиҳад. Вилояти мухтори Қарақалпоқистон соли 1930 аз ҳайати Қазоқистон Шӯравӣ берун шуда, мустақиман ба итоати Иттиҳоди Шӯравӣ шомил гардид. Аз соли 1936 то соли 1990 дар ҳайати Узбекистони Шӯравӣ буд.

Соли 1990 порлумони ҷумҳурии автономии Қарақалпоқистон дар ҳайати Узбекистон эъломияи давлати мустақилро қабул кард. Аммо ҳукумати Узбекистон дар соли 1993 бо Қарақалпоқистон шартномаи 20-солаи байнидавлатӣ баст ва ин кишварро шомили Узбекистон кард.

Дар соли 2013, вақте ки муҳлати шартнома ба поён расид, онро фаромӯш карда буданд. Аъзои ҳаракати "Алға, Қарақалпоқистон", ки ин масъала бардоштанд, ҳоло фирорӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG