Ссылки доступа

Ҷузъиёти сафари Путинро ба Душанбе шарҳ доданд


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Душанберо шарҳ доданд. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, равобити дуҷониба ва вазъ дар Афғонистон, аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Дар назар аст, ки имрӯз, 28-уми июн Владимир Путин бо як сафари кории якрӯза вориди Душанбе шавад. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Владимир Путин баъди соати 16 ба вақти маҳаллӣ вориди шаҳри Душанбе мешавад. Ба хотири омадани Путин, ҳаракати нақлиёт дар хиёбонҳои Аҳмади Дониш ва Рӯдакӣ барои чанд соат баста мешавад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президенти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи сафари Владимир Путин ба Душанбе, ягон санад ба имзо намерасад. "Сафар сафари корӣ аст ва танҳо як мулоқоти як ба як мешавад",-афзуд Шарифзода.

Ба гуфтаи сухангӯи президент, Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "ҳамкориҳои дуҷониба, рушди муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон ва махсусан Афғонистон" суҳбат мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Юрий Ушаков, ёрдамчии президенти Русия ба расонаҳои он кишвар гуфтааст, роҳбарони Тоҷикистону Русия дар навбати аввал ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, низомӣ, фарҳангӣ ва муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд.

"Дар ҷараёни мулоқот диққати асосӣ ба вазъият дар Афғонистон дода мешавад. Қарор аст, чораҳои муштарак оид ба таъмини амнияти сарҳадии Тоҷикистон, ҷилавгирӣ аз вуруди ифротгароҳо аз қаламрави Афғонистон ва тақвияти сохтори низомӣ баррасӣ шаванд", - таъкид кард Юрий Ушаков.

Расонаҳои Русия аз ҷумла "Спутник" навиштааст, эҳтимол дар ҷараёни дидори роҳбарони Тоҷикистону Русия масъалаи пайвастани Душанбе ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баррасӣ шавад. Маскав чандин сол аст, ки аз Тоҷикистон даъват мекунад то ба ин созмони иқтисодӣ пайваст шавад, аммо мақомоти тоҷик гуфтаанд, суду зиёди пайвастшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ доранд.

"Мо ин масъаларо ҳамеша бо ҳамкорони тоҷикамон баррасӣ мекунем. Мо, албатта, бартарии пайвастшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро дар сатҳҳои гуногунро нишон медиҳем. Ҳамкорони мо ин масъаларо меомӯзанд", - гуфтааст Юрий Ушаков.

Аз замони таҷовузи Маскав ба хоки Украина дар таърихи 24 феврали имсол, ин нахустин сафари хориҷии Владимир Путин мебошад. Дар бораи ин сафар ҳамагӣ ду рӯз қабл аз он телевизиони "Россия 1" хабар дод.

Қаблан низ коршиносон дар Душанбе тахмин карданд, ки мавзӯи асосии гуфтугӯи Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон вазъият дар Афғонистон хоҳад буд. Гуруҳи тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Тоҷикистону Русия дар баробари ҳокимони нави Кобул назару мавқеи гуногун доранд. Маскав борҳо меҳмондори намояндагони Толибон будааст. Душанбе "Имороти исломӣ"-и Толибонро танқид карда, хоҳони ташкили ҳукумати фарогир ва бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон аст.

Ҳарчанд мақомоти расмии ду кишвар ҳадафи сафарро густариши ҳамкориҳо меноманд, танҳо ба танҳо мулоқот кардани ду президент ҳадсу гумонҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бархе аз коршиносон тахмин мекунанд, ки дар ин дидор бархе аз масъалаҳои "ҳассос"-и байни ду кишвар ва ҳам вазъи дохилии Тоҷикистон низ баррасӣ хоҳанд шуд. Дар ин қатор аз эҳтимоли истифода шудани Тоҷикистон ҳамчун "равзан"-е барои наҷоти Русия аз таҳримҳои Ғарб, оштӣ додани Раҳмон бо Толибон ва масъалаи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон аз падар ба писар баррасӣ шаванд. Мақомоти расмӣ ин баёнияҳоро тасдиқ ё рад намекунанд.

Дар ҳамин ҳол Олеки Арестович, мушовири президенти Украина дар як мусоҳибааш рӯзи 28 июн ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон набояд ба Русия дар фиреб додани таҳримҳои Ғарб кӯмак кунанд.

XS
SM
MD
LG