Ссылки доступа

Amnesty International барои маҳдудсозии ҳуқуқи блогерон ҳукумати Узбекистонро танқид кард


Президент Узбекистана Шавкат Мирзияев с блогерами, 26 августа 2019 года.
Президент Узбекистана Шавкат Мирзияев с блогерами, 26 августа 2019 года.

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи расонаҳо Amnesty International мегӯяд, дар Узбекистон ҳуқуқи фаъолон ва блогерон маҳдуд мешавад. Дар ин бора созмони мазкур 25 июн изҳорот нашр кард.

Amnesty International рӯйхати блогерони узбекистониеро нашр кард, ки ба далели танқидҳояшон аз ҳукумати марказӣ ё мақомоти маҳаллӣ таҳти таъқиб, фишор ва ё боздошт қарор гирифтаанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон соли 2019 ваъдаи ҳимоят аз блогеронро дода буд. "Президент ҳамеша шуморо дастгирӣ мекунад", - гуфта буд он замон Мирзиёев.

Сарфи назар аз ин изҳорот, ба гуфтаи созмонҳои байналхалқӣ, озодии баён дар Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавҷуд аст, ки онро ҳам маҳдуд мекунанд.

Бештаре аз блогерони узбекистонӣ, ки мавзуҳои ҷиддитареро баррасӣ мекунанд, мадди назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегиранд. Ин блогерон аз маҳдудшавии озодии баён дар Узбекистон хабар медиҳанд.

Блогер аз Сурхандарёи Узбекистон Отабек Сатторӣ, ки аз мақомоти маҳаллӣ интиқод мекард, 7 сол зиндонӣ шуд.

Фозилҷон Орифхоҷаев, блогери тошкандӣ, ки аз сиёсатҳои Узбекистон дар бахши дин интиқод мекард, 7,5 сол зиндонӣ шуд.

"Ҳюман Райтс Вотч", "Хабарнигорони бидуни марз", "Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон" ва дигар созмонҳои байналхалқӣ фишор ва таъқиби блогеронро дар Узбекистон интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG