Ссылки доступа

ИМА як ширкати узбекистониро барои доду гирифти тиҷорӣ бо Русия таҳрим кард


ИМА ширкати "Promcomplektlogistic"-и узбекистониро шомили рӯйхати таҳримҳо кардааст. Дар ин бора сомонаи Департаменти давлатии ИМА рӯзи 28 июн хабар дод.

Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, "Promcomplektlogistic" ба ширкати "Радиавтоматик"-и Русия барои давр задани таҳримҳо кӯмак ва микросхема фурӯхтааст.

Дар хабари департаменти давлатии ИМА омадааст, ки таҳрими ширкати узбекистонӣ ҳушдор ба ҳамаи ширкатҳои дигар дар саросари дунё аст. "Агар шумо бо шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеие тиҷорат мекунед, ки таҳти таҳримҳо қарор доранд, дониста бошед, шумо ҳам ба рӯйхати таҳримҳо ворид мешавед", - омадааст дар хабар.

Ҳамакнун ҳамаи дороиҳои ширкати "Promcomplektlogistic" дар ИМА ҳабс мешаванд ва ширкатҳои амрикоӣ бо "Promcomplektlogistic" тиҷорат намекунанд.

Ширкати "Promcomplektlogistic" соли 2018 сабт шуда, ба хидматрасонии заминӣ машғул аст.

Соҳиби ин ширкат, ки дар шаҳри Тошканд сабт шудааст, Олег Грабилин мебошад. Грабилин чанд дар Русия чанд ширкати дигар доштааст.

XS
SM
MD
LG