Вазорати энержии Узбекистон гуфт, бештар аз ҳазор сокини он кишвар дар робита ба тағйирёбии тарофаҳо муроҷиат кардаанд. Ин муроҷиатҳо айни замон аз сӯи вазорати энержӣ, молия ва рушди иқтисодӣ омӯхта мешаванд.
"Баъди пешниҳоди хулосаи ин вазоратҳо ва пешниҳоди коршиносон дар робита ба гароншавии қимати газу барқ тасмим гирифта хоҳад шуд", - омадааст дар хабари вазорати энержии Узбекистон.
Мақомоти Узбекистон ҳанӯз 31 май гуфта буданд, ки шуруъ аз 1 июл қимати барқу газ боло хоҳад рафт.
Тарофаҳои газу барқ дар Узбекистон иваз намешаванд. Қарор буд, дар он кишвар шуруъ аз 1 июл арзиши газу барқ гаронтар шавад. Дар ин бора вазорати энержии Узбекистон рӯзи 29 июн хабар дод.