Ссылки доступа

Дар Қирғизистон фаъолияти қиморхонаҳо қонунӣ шуд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон қонунҳоеро имзо кард, ки бозшавии дари қиморхонаҳоро барои хориҷиҳо иҷозат медиҳанд.

Ҷабборов рӯзи 30 июн қонун "Дар бораи тиҷорати бозӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон" ва "Дар бораи тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқӣ оид ба масъалаи тиҷорати бозӣ"-ро имзо кардааст.

Дар сомонаи расмии президенти Қирғизистон омадааст, ки қонунҳо барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба буҷа имзо шудаанд.

Шаҳрвандони Қирғизистон, шаҳрвандони хориҷии то синни 21, инчунин шарҳвандони дорои имкониятҳои маҳдуд иҷоза надоранд, ки ба ҳайси муштаркӣ ба қиморхонаҳо ворид шаванд.

Ҳаҷми андоз аз як мизи бозӣ дар соли 2022 750 ҳазор сом ва дар соли 2023 як миллион сомро ташкил хоҳад дод.

Қонуни мазкурро порлумони Қирғизистон ҳафтаи гузашта қабул кард. Баъди қабули қонун бархе аз сокинони Қирғизистон эътироз карданд ва аз президенти он кишвар хостанд, ки қонун дар бораи қиморхонаҳоро имзо накунад.

XS
SM
MD
LG