Ссылки доступа

Русия ба муҳоҷирони тоҷик нафақа медиҳад


Думаи давлатии Русия созишнома дар бораи тақсими нафақа миёни Тоҷикистону Русияро тасвиб кард.

Ҳамакнун баъди имзои ин санад аз сӯи раиси ҷумҳур Владимир Путин, ба муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, нафақа дода мешавад.

Ин санад моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе имзо шуда, моҳи апрел порлумони Тоҷикистон онро қабул кард. Аммо додани нафақа барои муҳоҷирон як шарти асосӣ дорад.

Дилмурод Давлатзода, сардори Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ду моҳ қабл дар ҷаласаи порлумон гуфта буд, аз ин пас Русияву Тоҷикистон вазифадор хоҳанд шуд, ба шаҳрвандони ҳамдигар, ки дар қаламрави ду кишвар кор кардаанд, нафақа бидиҳанд. Ӯ афзуд, талабот барои ҳарду кишвар ин аст, ки шаҳрвандон собиқа ё пешинаи корӣ дошта, андози иҷтимоӣ дода бошанд.

Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирони тоҷик гуфта буданд, ки солҳо дар Русия ба таври расмӣ кор карда, молиёт супурдаанд, вале ҳанӯз намедонанд, ки ба онҳо нафақа дода хоҳад шуд ё не. Вале дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки солҳо дар Русия кор кардаанд, вале ё фаъолияташон расмӣ набудааст ва ё андози иҷтимоӣ насупурдаанд.

Солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кору даромад ба Русия мераванд. Муҳоҷирон борҳо нигаронӣ кардаанд, ки солҳо дар Русия кор кардаанд ва дар вақти бознишаста шудан нафақаи онҳо дар ватан чӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG