Ссылки доступа

Дар Узбекистон чоҳи бузурги нафту қир кашф карданд


Дар минтақаи Зарафшони вилояти Навоии Узбекистон як чоҳи бузурги нафту қир (битум) кашф шудааст. Ба ин чоҳ номи "Узбекистони нав"-ро гузоштаанд, хабар доданд дар вазорати энержии он кишвар рӯзи 29 июн.

Захираи чоҳи нав тақрибан ба 100 млн тона мерасад.

"Солона истихроҷи нафту қир 1 млн тонаро ташкил хоҳад дод. Сармоягузорӣ барои истихроҷи ин чоҳ дар 12 соли оянда дар ҳаҷми 2,5 млрд доллари ИМА баҳо дода мешавад", - омадааст дар хабари вазорати энержии Узбекистон.

Корҳо барои истихроҷи чоҳи нав 15 май шуруъ шудаанд.

Узбекистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хориҷӣ истихроҷро ба роҳ мемонад.

XS
SM
MD
LG