Ссылки доступа

Дар Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро "дар бораи чораҳои махсус" ҳангоми амалиёти низомӣ баррасӣ мекунанд


Ҳукумати Русия ба Думаи давлатии он кишвар тарҳи қонунеро "дар бораи чораҳои махсуси иқтисодӣ" ҳангоми "амалиёти зиддитеррористӣ ё амалиёти дигар" дар берун аз ҳудуди Русия ирсол кард.

Ҳукумати иҷроияи Русия мехоҳад, ҳангоми амалиёт соҳиби ваколатҳои махсус, аз ҷумла афзоиши иқтидори истеҳсолот ва тамдиди соати корӣ дар бархе аз корхонаҳо шавад.

Ҳамчунин ширкатҳо дар чунин давраҳо иҷоза нахоҳанд дошт, ки аз бастани шартнома барои таъмини молу маҳсулот ё хизматрасонӣ ба мақомоти иҷроия худдорӣ кунанд.

Миёни "чораҳои махсус" инчунин истифодаи арзишҳои молии захираи давлатӣ ва баргузории чорабиниҳо зикр шудааст. Маълум нест, манзур аз чорабиниҳо чист.

Дар шарҳи ин тарҳи қонун гуфта шудааст, он дар робита ба афзоиши талабот ба таъмири таслиҳот ва техникаи низомӣ, махсусан дар замони "амалиёти махсуси низомӣ дар ҳудуди Донетску Луганск" таҳия гардидааст.

Бино ба иттилои таҳлилгарон, Русия давраи ҳамлааш ба Украина 4462 техникаи низомиро аз даст додааст.

XS
SM
MD
LG