Ссылки доступа

Қирғизистон ба Эксимбонки Чин $112 млн мепардозад


Қарзи хориҷии Қирғизистон аз Эксимбонки Чин ба 1 млрд 794 млн 120 ҳазор доллар расидааст.

Дар ин бора аз вазорати молияи Қирғизистон хабар доданд.

Дар вазорат гуфтанд, соли ҷорӣ Қирғизистон ба бонки чинӣ 111 млн 730 ҳазор доллар мепардозад.

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон пештар гуфта буд, ки дар сурати пардохт нашудани қарз Эксимбонки Чин мудирияти иншоотеро амсоли Маркази гармидиҳии Бишкек, "Датка-Кемин" ва роҳи мошингарди Шимол-Ҷанубро ба ихтиёр медарорад.

Вазорати молияи Қирғизистон мегӯяд, қарзи давлатии он кишвар ба 5 млрд 119,15 млн доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG