Ссылки доступа

Расонаҳо: Honor мехоҳад, телефонҳои ҳушмандро ба Русия тавассути Узбекистон ворид кунад


Ширкати чинии истеҳсолкунандаи телефонҳои ҳушманди Honor воридоти маҳсулоташро ба таври мустақим ба Русия манъ кардааст.

Нашрияи "Ведемости" Русия менависад, ки воридоти маҳсулоти ин ширкат ба Русия дар моҳи март қатъ шудааст. Айни замон Honor талош дорад, дар Арманистону Гурҷистон шарик пайдо созад ва аз тариқи онҳо маҳсулоташро ба Русия ворид кунад.

"Honor барои содир кардани маҳсулоташ ба Русия тариқи Узбекистон ба созиш расидааст", - хабар медиҳад "Ведомости".

Ба иттилои нашрия, Honor мехоҳад, таҳримҳои ИМА-ро давр занад.

Ҷониби Узбекистон ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодааст. Пештар аз ин ИМА ширкати "Promcomplektlogistic"-и узбекистониро шомили рӯйхати таҳримҳо кард. Дар ин бора сомонаи Департаменти давлатии ИМА рӯзи 28 июн хабар дод.

Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, "Promcomplektlogistic" ба ширкати "Радиавтоматик"-и Русия барои давр задани таҳримҳо кӯмак ва микросхема фурӯхтааст.

Дар хабари департаменти давлатии ИМА омадааст, ки таҳрими ширкати узбекистонӣ ҳушдор ба ҳамаи ширкатҳои дигар дар саросари дунё аст. "Агар шумо бо шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеие тиҷорат мекунед, ки таҳти таҳримҳо қарор доранд, дониста бошед, шумо ҳам ба рӯйхати таҳримҳо ворид мешавед", - омадааст дар хабар.

Ҳамакнун ҳамаи дороиҳои ширкати "Promcomplektlogistic" дар ИМА ҳабс мешаванд ва ширкатҳои амрикоӣ бо "Promcomplektlogistic" тиҷорат намекунанд.

XS
SM
MD
LG