Ссылки доступа

Оҷонси зидди фасоди Қазоқистон рӯзноманигор Махамбет Абжанро дастгир кардааст


Расонаҳои маҳаллии Қазоқистон 3 июл хабар доданд, ки рӯзноманигор Махамбет Абжан дастгир шудааст.

Оҷонси мубориза зидди фасоди Қазоқистон субҳи якшанбе дар шарҳи ин хабар гуфтааст, шаҳрванд М. Абжан ба "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон аз як соҳибкор бо таҳдиди нашри маълумоти бадномкунанда дар расонаҳо" айбдор мешавад.

Ба иттилои оҷонс, рӯзноманигор дар натиҷаи як амалиёти "махсус" дастгир шуда, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон нигаҳдорӣ мешавад.

Абжан ахиран гуфта буд, ки дар расонаҳои маҳаллӣ зидди ӯ "матлабҳои фармоишӣ" нашр мешаванд.

Махамбет Абжан ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистонро бозтоб мекард ва дар доираи парвандаи "нашри маълумоти дуруғ" ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG