Ссылки доступа

Тазоҳуроти бемуҳлати даҳҳо ҳазор сокини Гурҷистон бо талаби пайвастан ба ИА


Даҳҳо ҳазор сокини минтақаҳои гуногуни Гурҷистон баъди ба поён расидани муҳлати иҷрои шартҳои гузошташуда ба мақомот дубора дар назди бинои порлумони он кишвар дар шаҳри Тифлис ҷамъ шуданд.

Бар асоси шартҳои гузошташуда, бояд сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвилӣ то рӯзи якшанбе аз мақомаш истеъфо медод ва ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" розигии худро ба таъсиси "ҳукумати фаннӣ"-и эътимоди мардумӣ барои иҷрои дувоздаҳ шарти Иттиҳоди Аврупо (ИА), ки қаблан раҳбарони Комиссияи Аврупо барои додани мақоми "номзад" ба ин кишвар гузошта буданд, баён мекард.

Тазоҳургарон гуфтанд, то истеъфои ҳукумати Гарибашвилӣ дар хиёбонҳо мемонанд. Тазоҳурот ба таври осоишта ҷараён дошта, дар он сурудҳои гурҷӣ ва украинӣ садо медиҳанд.

Қаблан дар Брюссел гуфта буданд, ки Гурҷистон чанд шартро иҷро накардааст ва бинобар ин, ба монанди Украина ва Молдова мақоми номзади узвият дар Иттиҳоди Аврупоро дарёфт нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG