Бино ба фарзияи вазорат, сарбози қаторӣ, соли таваллудаш 2000-ум, "ҳангоми адои вазифаи посбонӣ дар натиҷаи беэҳтиётӣ бо силоҳ аз тири тасодуфӣ захмӣ шуда, дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст".
Барои муайян кардани сабабҳои ҳодиса комиссия ташкил шуда, парвандаро Додситонии низомии Қирғизистон тафтиш мекунад.
Наздикони сарбоз дар суҳбат бо расонаи "Kaktus.media" гуфтаанд, мақомот ҳалокати фарзанди онҳоро то ҳол шарҳ надодаанд.
"Сарбоз шаби 3 ба 4 июл бо модараш суҳбати телефонӣ карда ва баъди ду соат ин ҳодиса рух додааст. Ҳангоми шиносии ҷасад дар бадани ӯ захми ду тирро дидаанд. Касе бовар надорад, ки ӯ аз тири тасодуфӣ кушта шудааст", - изҳор доштааст холаи сарбоз Индира Рисалиева дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.