Ссылки доступа

Қароқалпоқистониҳои муқими Алматоро ба бозпурсӣ даъват мекунанд


Сокинони Қароқалпоқистон, ки дар шаҳри Алматои Қазоқистон кору зиндагӣ мекунанд, барои бозпурсӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват шудаанд.

Корманди Бюрои ҳомии ҳуқуқи Алмато Андрей Гришин 4 июл гуфт, фаъолони қароқалпоқистонӣ нишасти хабариеро, ки бояд дар шаҳр баргузор мекарданд, ба таъхир гузоштанд.

Ба гуфтаи Гришин, 4 созмондиҳандаи ин нишастро ба бозпурсӣ даъват карданд.

"Имрӯз ба ман аз Департаменти пулиси Алмато занг зада, ба бозпурсӣ даъват карданд. Ман аз онҳо пурсидам, ки чи мехоҳанд, ман ягон қонунро поймол накардаам ва ҳоло намедонам, ки меравам ё не. Онҳо гуфтанд, ки тавони иҷборан ҳозир кардан ба бозпурсиро доранд. Ин даъват баъди изҳоротҳои ман дар робита ба Қароқалпоқистон сурат гирифт", - изҳор дошт як зодаи Қароқалпоқистон, ки дар Алмато аст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати бахши қазоқии Радиои Озодӣ, кормандони пулиси Алмато гуфтаанд, ки ӯро дар робита ба банди панҷи Конститутсияи Узбекистон даъват мекунад.

XS
SM
MD
LG