Ссылки доступа

"Мусодира"-и телефону компютер. Шикоят аз шеваи нави фишор дар Тоҷикистон


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Баъзе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки намояндагони ниҳодҳои қудратӣ бедалел телефон ва комютерҳои онҳоро “гирифтаанд” ва маълум нест, кай бармегардонанд.

Мақомот шарҳ намедиҳанд. Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, дар компютеру телефонҳои мобилӣ маълумоти шахсӣ ҷойгир аст ва гирифтани он танҳо бо қарори додгоҳ мумкин аст.

Тибқи иттилои дарёфтии мо, то ин дам мақомот телефони мобилии се фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро гирифтаанд. Ду нафарашон зодаи Бадахшон ҳастанд. Онҳо дар озодиянд ва парвандае надоранд, аммо чанд вақт пеш бозпурсӣ шудаанд.

"Санад тартиб дода, телефонамро гирифтанд, аммо нагуфтанд, ки кай бармегардонанд. Чунин рафторашон ташвишовар аст," – гуфт яке фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 4-уми июл.

“Мо ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо бо дӯстону ҳамкорон мукотиба доштем. Ҳоло метавонанд, ҳар яке аз ин мукотибаҳоро хонда, аз дохилаш ҷумлае ёбанд ва онро ба зидди мо истифода баранд,” – илова кард ӯ. Ҳамсуҳбати мо ба далоили амниятӣ нахост, ки номаш нашр шавад.

Дар солҳои охир чунин таҷриба дар Тоҷикистон нав аст. То ин вақт асосан телефон ва комютери шахсоне аз тарафи мақомот мусодира мешуд, ки боздошт шудаанд.

Нигаронии фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз онҷост, ки то ин дам бар асоси мукотиба дар паёмрасонҳо дастикам алайҳи ду блогер парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Барои намуна, мақомот вақте телефони блогер Хушом Ғуломро гирифтанд, ба хотири як мукотибааш ба зидди ӯ бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз карданд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, алайҳи Далери Имомалӣ ҳам гуё бар асоси як мукотибааш дар паёмрасони Фейсбук ба иттиҳоми узвият дар созмонҳои мамнуъ парванда боз шудааст. Мақомот расман дар ин бора гап намезананд. Парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ дорад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, дар шароити ҳозира телефони мобилӣ на танҳо воситаи тамос, балки як махзане аст, ки ҳама маълумоти шахсӣ ва корӣ метавонад дар он ҷой дошта бошад.

Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, бар асоси моддаи 23-и Қонуни асосии Тоҷикистон, “маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс” замонат дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, гирифтани телефони шахсе, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ нест ё дар ҷинояте гумонбар нест, «ғайриқонунӣ аст».

“Ҳифзи маълумоти шахсии ҳар шаҳрванд дар телефонаш аз тарафи қонун ҳимоят карда мешавад. Масалан, ба воситаи телефон шахс метавонад, онлайн додугирифт кунад ва инҷо сирри бонкӣ ҳаст. Соҳибкороне ҳастанд, ки метавонанд дар телефон сирри тиҷоратии худро нигоҳ доранд. Ё шахсоне ҳастанд, ки маълумот дар бораи саломатии худро нигоҳ медоранд. Қонунгузорӣ онро ҳамчун сирри тиббӣ ҳимоят кардааст. Ҳар корманди пулис наметавонад, омада, телефон ё комютери шахсро гирад ва ин маълумотҳоро дастрас кунад. Барои гирифтани ин гуна маълумот додгоҳ бояд иҷозат диҳад,” – шарҳ дод Шӯҳрат Қудратов.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки мақомот барои гирифтани телефони фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ далел доранд. Ба ҳар ҳол, яке аз ин фаъолон гуфт, телефони ӯро баъди тартиб додани санад гирифтанд.

Рӯзи 17-уми майи имсол, баъди суҳбат бо рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева, ба чор хабарнигори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” ҳамла шуд ва шахсони ношинос телефону камераи онҳоро гирифтанд. То ҳанӯз ҳамлаваронро наёфтаанд. Дастгоҳҳоро низ барнагардонданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар як моҳи охир чанд дафъа аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки фишор ба ҷомеаи шаҳрвандиро бас карда, ба кори хабарнигорон монеъ нашаванд. Мақомот ба ин даъватҳо ҳанӯз вокуниш накарда, вале дар гузоришҳои расмӣ баъзе аз фаъолонро ба дарёфти маблағ аз хориҷа муттаҳам кардаанд.

XS
SM
MD
LG