Ссылки доступа

Қазоқистон эҳтимол аст, қарордоди иҷораи киштияшро бо ширкати русӣ бекор кунад


Вазири саноат ва рушди зербиноии Қазоқистон Кайрбек Ускенбоев 5 июл баъди ҷаласаи ҳукумат гуфт, эҳтимол дорад, Нурсултон қардод бо ширкати русиеро бекор кунад, ки киштии "Жибек Жолӣ"-ро ба иҷора гирифтааст.

"Агар киштӣ ба фаъолиятҳое машғул шавад, ки хилофи қонунҳои Қазоқистон ва байналмилалӣ мебошад, шартнома бекор ва киштӣ бозпас гирифта мешавад", - изҳор доштааст Ускенбоев.

Рӯзи 3 июл маълум шуд, як киштии борбари Русия бо гандуми рабудашудаи Украина дар Туркия боздошт шудааст. Сафири Украина дар Туркия Василий Боднар гуфт, ки ҷониби Киев барои рӯшан кардани вазъ бо мақомоти гумруки Туркия ҳамкорӣ мекунад.

Киштии "Жибек Жолй" бо парчами Русия дар Туркия қарор дорад. Он ба як ширкати қазоқӣ тааллуқ дорад ва иддао мешавад, ки дар фурӯши гандум як ширкати эстонӣ ва туркӣ даст доранд.

Қаблан Украина аз Туркия хоста буд, киштии марбут ба соҳибкори қазоқро, ки бо парчами Русия аз бандари баҳри Авоз берун шудааст, боз дорад.

XS
SM
MD
LG