Ссылки доступа

Президенти фирории Қирғизистон гуфт, омодааст, онлайнӣ дар мурофиааш иштирок кунад


Президенти пешини Қирғизистон Курмонбек Боқиев, ки баъди фирор аз кишвар дар Белорус зиндагӣ мекунад, дар суҳбат бо нашрияи қирғизии "Жаны Ордо" гуфт, омодааст ба суоли раҳбарият ва сокинони кишвараш посух диҳад.

Ӯ афзуда, ки дар мурофиаи писараш Максим Боқиев дар додгоҳи байналмилалии Лондон онлайнӣ иштирок дошт.

Боқиев дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки оё омодааст, онлайнӣ дар баррасии додгоҳии парвандаи худаш иштирок кунад, гуфтааст, "ман омодаам, дар дилхоҳ додгоҳи байналмилалӣ иштирок кунам. Ман ба ҳама кор омода ҳастам, то насабам дар саҳфаҳои таърих ва дар назди миллат сафед бошад. Ман ташнаи адолат ва ҳақиқат ҳастам. Раҳбарияти Қирғизистон медонад, ки ман дар қароргоҳе дар Белорус зиндагӣ мекунам. Аммо ягон кас маро огаҳ накардааст, ки зиддам айб эълом кардаанд. Ҳоло президентҳо онлайнӣ ҷаласа баргузор мекунанд ва додгоҳҳои Қирғизистон низ ба монанди додгоҳи Лондон метавонад онлайнӣ ҷаласа баргузор намоянд. Агар мехостанд, метавонистанд. Агар розӣ шаванд, ман хурсанд мешавам".

Қурмонбек Боқиев солҳои 2005-2010 президенти Қирғизистон буд. Вай дар натиҷаи "Инқилоби лолаӣ"-и зидди ҳукумати Аскар Оқоев сари қудрат омад, аммо дар натиҷаи инқилоби рӯзҳои 7-15 апрели соли 2010 аз сари қудрат барканор шуд.

Боқиев баъди инқилоби апрелӣ аз Қирғизистон фирор кард. Айни замон вай ҳамроҳ бо хонаводааш дар Белорус зиндагӣ дорад. Ин кишвар ба вай шаҳрвандӣ додааст. Соли 2015 Боқиев дар Минск хона сохт ва соли 2019 онро ба духтараш тақдим кард.

Ҳукумати Қирғизистон дар талоши истирдоди вай аст. Дар Қирғизистон хонаводаи Боқиевҳоро дар куштори тоҷири бритониёӣ Шон Дэйлӣ ва сӯистифода аз мақоми хизматӣ айбдор мекунанд. Президенти пешин ғоибона ба 30 соли зиндон маҳкум ва дар пайгард қарор дода шудааст.

XS
SM
MD
LG