Ссылки доступа

Пулиси Узбекистон қароқалпоқистониҳоро дар Қазоқистон бозпурсӣ мекунад (видео)


Гурӯҳи фаврии маъмурони пулиси Узбекистон, ки баъд аз эътирозҳои Қароқалпоқистон ба шаҳри Алматои Қазоқистон рафтаанд, як моҳ бо фаъолони маҳаллӣ "кор хоҳанд кард".

Дар ин бора онҳое, ки дар суҳбат бо Настоящее Время хабар доданд, ки қаблан бозпурсӣ шудаанд.

Ба гуфтаи бозпурсишудаҳо, мақомоти Узбекистон намояндагони ҷамъияти қароқалпоқистониҳо дар Қазоқистонро ба ташкили эътирозҳо айбдор мекунанд.

Узбекистанские полицейские допрашивают в Казахстане выходцев из Каракалпакстана
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:59 0:00

Як фаъоли қароқалпоқистонӣ, ки дар Алмато кору зиндагӣ мекунад, гуфт, рӯзи 4 июл вайро барои бозпурсӣ ба шӯъбаи пулиси шаҳр даъват карданд. Ба гуфтаи ӯ, дар идорае, ки бозпурсӣ шуд, ба ҷуз маъмурони пулиси қазоқ, чанд нафар бо либоси шаҳрвандӣ низ буданд.

"Онҳо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Узбекистон буданд. Аз сӯҳбат маълум шуд. Онҳо худро ба ман муаррифӣ накарданд. Пурсиданд, ки ақидаи сиёсии ман чи гуна аст. Чаро ман мавқеи шаҳрвандии худро фаъолона баён мекунам?", - изҳор дошт фаъоли қароқалпоқистонӣ.

Бетартибиҳо дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд.

Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG