Ссылки доступа

Рӯзноманигори қазоқ Махамбет Абжан ба ҳабс гирифта шуд


Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзноманигор Махамбет Абжанро, ки бо иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" дастгир гашта буд, ба ҳабс гирифтааст.

Расонаҳои маҳаллии Қазоқистон 3 июл хабар дода буданд, ки Махамбет Абжан дастгир гаштааст.

Оҷонси мубориза зидди фасоди Қазоқистон субҳи якшанбе дар шарҳи ин хабар гуфт, шаҳрванд М. Абжан ба "тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон аз як соҳибкор бо таҳдиди нашри маълумоти бадномкунанда дар расонаҳо" айбдор мешавад.

Абжан ахиран гуфта буд, ки дар расонаҳои маҳаллӣ зидди ӯ "матлабҳои фармоишӣ" нашр мешаванд.

Махамбет Абжан ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистонро бозтоб мекард ва дар доираи парвандаи "нашри маълумоти дуруғ" ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG