Ба иттилои маркази матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, ин ду нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, дар бемористони шаҳрии рақами 4-и Бишкек бистарӣ мебошанд.
Манбаъ афзуда, ки дар оташсӯзӣ 42 контейнери тиҷоратӣ бо либос ва 9 макони фурӯши ғизо, нӯшокиҳо ва амсоли он ба коми оташ рафтааст.
Ба гуфтаи масъулони вазорат, масоҳати умумии сӯхтор 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои пешакӣ, сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши хӯрокворӣ сар зада, баъдан ба макони либосфурӯшӣ гузаштааст.
"Дордой" яке аз калонтарин борҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар он ҳудуди 100 ҳазор одам кор мекунанд.