Ба гуфтаи масъулони раёсат, ин таркиш ҷони ду кормандро рабудааст. Яке аз онҳо дар маҳалли ҳодиса ва дувумӣ дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.
"Осебдидаи севумро бо ҳавопаймо ба беморхонаи вилоятӣ бурданд. Айни замон табибон беморро муоина мекунанд. Коргари чоруми маҷрӯҳ ба беморхонаи ноҳияи Жилой интиқол дода шуда, табибон ба осебдидаи панҷум ёрии равонӣ мерасонанд", - гуфтанд дар раёсати тандурустии Атирау.
Дар робита ба таркиш дар кони ширкати "Тенгизшевройл" низ изҳороти расмӣ пахш кард. Дар баёнияи ширкат гуфта шуда, ки "6 июли соли 2022 ҳангоми озмоиши дастгоҳе бо иштироки кормандони ширкати пудратчии "Сенимди Қурилис" ва пудратчиёни он таркиш ба амал омада, дар натиҷа ду кас ҳалок ва се тани дигар захмӣ шуданд".