Ссылки доступа

Мирзиёев ба даъватҳо барои таҳқиқи ҳодисаҳои Нуқус посух дод


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июл гуфт, ба таҳқиқи ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони маданӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Мирзиёев, тафтишот ҳамчунин ба истифодаи нерӯ зидди эътирозгарон баҳо хоҳад дод. “Бо мақсади ҳамаҷониба ва холисона тафтиш кардани ҳодисаҳои рухдода таҳти роҳбарии муовини якуми Додситони кулли кишвар гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ фаъолият дорад. Ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилон ва фаъолон ба ин раванд зарур аст. Аз ин рӯ, додситони кул Юлдошев Н. Вазифадор карда шудааст, ки ҳар як парвандаро бодиққат ва холисона тафтиш намуда, ба амали иштирокчиёни ҳодиса баҳои одилонаи ҳуқуқӣ диҳад”, - изҳор доштааст президенти Узбекистон.

Пештар Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Узбекистон расман даъват карданд, ки ҳодисаҳои хунини Нуқус воқеъбинона, беғараз ва шаффоф таҳқиқ шавад.

Бетартибиҳо дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни бетартибиҳо 18 нафар кушта ва 246 кас захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG