Ссылки доступа

Бонки миллии Қирғизистон қурби доларро боло бурд


Бонки миллии Қирғизистон қурби расмии як доллари амрикоиро барои рӯзи 8 июл 82,37 сом муайян кардааст. Он дар як рӯз се сом баланд шудааст.

Ин бори нахуст аст, ки қурби расмии доллар дар давоми як моҳи ахир дар Қирғизистон тағйир меёбад. Он аз аввали моҳи июн ба ин сӯ 79,50 сом буд.

Қурби бозории доллар низ дар Қирғизистон рӯзҳои ахир боло рафта, бонкҳои он кишвар нимаи дувуми рӯзи 7 июл як долларро 83 сом харидорӣ карда ва 84 сом фурӯхтаанд.

Қурби доллар дар миёнаҳои моҳи марти имсол дар Қирғизистон то ба 105 сом баланд шуда, ибтидои моҳи апрел он то ба 81,5 сом поин фуромад.

XS
SM
MD
LG