Ссылки доступа

Раиси Дастгоҳи президенти Узбекистон баъди ҳодисаҳои Қарақалпоқистон аз мақом барканор шуд


49-летнего Зайнилобиддина Низомиддинова (слева) называли «серым кардиналом» узбекистанской политики.
49-летнего Зайнилобиддина Низомиддинова (слева) называли «серым кардиналом» узбекистанской политики.

Зайнилобиддин Низомиддинов, раиси Дастгоҳи президенти Узбекистон баъди ҳодисаҳои хунуни Қарақалпоқистон аз мақом барканор шуд.

Баъди барканорӣ ӯро муовини раиси Иттифоқи касабаи Узбекистон таъйин кардаанд.

Маълум нест, ки Низомиддинов маҳз дар робита ба ҳодисаҳои Қарақалпоқистон барканор шудааст ё сабаби дигаре ҳам дар миён аст.

Пештар расонаҳо навишта буданд, ки Низомиддинов раванди воридсозии тағйир ба Конститутсияи Узбекистонро роҳбарӣ мекард.

Дар суханрониаш рӯзи 2 июл дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, ки вакилони маҳаллӣ сабабгори рӯйдодҳо ҳастанд.

Рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол дар шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон нооромӣ сар зад.

Эътирозгарон гуфтанд, аз тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон норозиянд, чун "мустақилӣ"-и онҳоро аз байн мебарад.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар ин рӯйдод дар Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар, аз ҷумла 38 афсар, захмӣ шуданд. То кунун дар бораи боздошти беш аз 500 кас гузориш расидааст.

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG