Ссылки доступа

Қасди худкушии як сокини Хоруғ "баъди бозпурсӣ". Мақомот шарҳ намедиҳанд


Як сокини шаҳри Хоруғ баъди "се соат бозпурсӣ" дар идораи амнияти минтақа қасди худкушӣ кардааст. Пойгоҳи "Pamir Daily News" рӯзи 9-уми июл навишт, ки Адис Тӯтишоев 32 сол дорад ва дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарист.

Сабаби чунин рафтораш маълум нест. Мақомот шарҳ намедиҳанд. Рӯшан нест, ки дар бозпурсӣ чӣ гуфта ва чӣ шунидаанд.

Ҳодиса рӯзи 8-уми июл рӯй додааст. Пайвандонаш нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд.

Як шахси наздик ба ӯ рӯзи 10-уми июл гуфт, "каме гулӯяшро буридааст. Хешовандон зуд хабар ёфта, ба шифохона бурданд ва наҷот доданд. Бозпурсияш шояд ба ҳодисаҳои охир рабт дорад, аммо касе чизе намегӯяд."

Пойгоҳи "Pamir Daily News" навишт, ки ӯ раги худро буридааст.

Дар бораи Адис Тӯтишоев иттилои зиёде дар даст нест. Ҳамсуҳбати мо дар Хоруғ гуфт, "ӯ шомили ҳеч гуруҳ набуд ва ба соҳибкории хурд машғул буд."

Аз ин пеш, 6-уми июл, масъулони Раёсати корҳои дохилӣ дар Хоруғ як сокини ноҳияи Роштқалъаро ба бозпурсӣ даъват карда, баъди як рӯз ҷасадашро ба наздиконаш додаанд.

Пайвандони Абдураҳим Гулобов гуфтанд, ӯ ба пинҳон кардани силоҳи шикорӣ гумонбар буд, "ҳарчанд онро надошт". Мақомоти интизомӣ сабаби маргашро шарҳ намедиҳанд.

Чанд сокини ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шикоят доранд, ки бо вуҷуди эълони расмӣ дар бораи поёни амалиёт, ҳанӯз таъқибу боздошти сокинон дар минтақа ҷараён дорад. Мақомот дар ин бора шарҳе намедиҳанд.

Вилояти Бадахшон дар моҳи майи имсол шоҳиди тазоҳуроти мардуми норозӣ ва амалиёти ба гуфтаи мақомот зиддитеррористӣ буд. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 16 кас кушта ва беш аз 200 нафар дастгир шудаанд. Сокинон омори қурбониёнро бештар аз ин мегӯянд.

XS
SM
MD
LG