Ссылки доступа

Филм дар бораи партовҳои атрофи Бишкекро, ки дар ҷашнвораи Канн нишон дода буданд, ба Қирғизистон меоранд


Рӯзи 20 июл дар Қирғизистон филми мустанади "Ҳолм" нишон дода мешавад, ки аз сӯи коргардонҳои фаронсавиву русиягӣ Лина Тсримова ва Денӣ Гербрана таҳия шудааст. Ин мустанад бори аввал рӯзи 21 майи соли ҷорӣ дар ҷашнвораи Канн нишон дода шуд.

Ба иттилои Мактаби бишкекии санъати муосир, намоиши мустанад дар Хонаи кинои ба номи Чингиз Айтматов сурат мегирад.

Ин мустанад дар бораи партовҳои атрофи шаҳри Бишкеки Қирғизистон аст. Дар он аз рӯзгори чанд одаме нақл мешавад, ки дар партовҳо кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG