Ссылки доступа

Genocide Watch гуфт, "помириҳо дар Тоҷикистон зери фишор ҳастанд"


Хоруғ, 16-уми майи 2022

Созмони байнулмилалии Genocide Watch ё Дидбони наслкушӣ дар гузорише гуфт, ақаллияти помирӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фишорҳои афзоянда, муҳокима ва боздошт аз тарафи мақомоти Тоҷикистон дучор шудааст.

Дар изҳороти созмон ба ҳодисаҳои моҳи майи имсол ишора кардаанд, ки бар асари он даҳҳо нафар дар Рӯшону Хоруғ кушта ва дастгир шуданд. Сокинон мегӯянд, мақомот мардуми норозиро саркӯб карданд. Намояндагони ҳукумат онҳоро "узви гуруҳҳои ҷиноӣ" ном бурданд.

Гузориши Genocide Watch ё Дидбони наслкушӣ моҳи июни имсол нашр шудааст. Муаллифон ҳукумати Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки "фаъолони помириро дар Маскав рабуда, онҳоро барои боздошт ба Тоҷикистон баргардондаанд."

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ вокуниш накардаанд. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни имсол дар суханронияш дар Хатлон гуфт, дастури "безарар кардани силоҳдорон"-ро дар Бадахшон ӯ додааст, чун, ба гуфтааш, "илоҷи дигар" набуд.

"Онҳо доим аз номи мардум суистифода мекарданд... Онҳо симои мардуми Бадахшон набуданд ва нестанд... Мардуми оддии вилоят гуноҳе надоранд. Мо бояд дар муносибатамон ҳамин хел ҷудо кунем," – гуфт Раҳмон.

Созмони байнулмилалии Genocide Watch ё Дидбони наслкушӣ дар гузоришаш гуфтааст, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-97) минтақаи зери нуфузи мухолифон буд. "Гуфта мешавад, пуштибонии мардуми ин минтақа аз Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик дар он солҳо, яке аз сабабҳои озор ва азияти давомдори онҳо дар минтақа аст," – навиштаанд муаллифон.

Ин созмон дар поёни гузориши худ тавсия додааст, ки Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва НАТО нисбат ба озор ва азияти помириҳо дар Тоҷикистон бояд таваҷҷуҳи бештаре кунанд.

“Аврупо ва Амрико бояд ҳангоми ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русия, осониҳоеро барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар бигиранд. Созмони Милали Муттаҳид маъмурияти нозиронашро дар Тоҷикистон, ки соли 1997 қатъ шуда буд, баррасӣ кунад,” – гуфта шудааст дар гузориш.

Genocide Watch як ниҳоде аст, ки барои пешбинӣ, пешгирӣ, боздоштани наслкушӣ ва муҷозоти сабабгорони он ва шаклҳои дигари қатли умумӣ фаъолият дорад. Ҳадафи он эҷоди як Ҷунбиши байнулмилалӣ барои пешгирӣ ва таваққуфи наслкушӣ аст.

Бахше аз мардум дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба забонҳои маҳаллӣ, ки ба номи "забонҳои помирӣ" шинохта шудааст, суҳбат мекунанд.

Онҳо пайрави шохаи исмоилии мазҳаби шиа мебошанд ва Шоҳзода Карим Оқохони чаҳорумро раҳбари маънавии худ мешуморанд. Аксар аҳолии минтақаҳои дигари Тоҷикистонро пайравони мактаби ҳанафии аҳли суннат ташкил медиҳанд.

Вилояти Бадахшон дар моҳи майи имсол шоҳиди тазоҳуроти мардуми норозӣ ва амалиёти ба гуфтаи мақомот зиддитеррористӣ буд. Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, 16 кас кушта ва беш аз 200 нафар дастгир шудаанд. Сокинон омори қурбониёнро бештар аз ин мегӯянд.

XS
SM
MD
LG