Ссылки доступа

Давлатмурод Тоҷимуродов - рӯзноманигори узбекистонӣ дар "тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат" айбдор шуд


Додситонии кулли Узбекистон нисбати рӯзноманигори қарақалпоқистонӣ Давлатмурод Тоҷимуродов айб эълом кард. Тоҷимуродов дар "тавтиа бо ҳадафи ғасби қудрат ва ё барҳамзании сохти конститутсионӣ" айбдор шуд.

Рӯзноманигор ба ҳабс гирифта шудааст. Дар маҷмуъ дар доираи парвандаи барҳамзании сохти конститутсионӣ 14 кас боздошт шудааст.

Ба иттилои додситонӣ, рӯзи 1 июл дар шаҳри Нуқус "гуруҳе аз одамон, бо шиорҳои дурӯғин, шуури шаҳрвандонро ба гумроҳӣ бурда, бетартибии оммавӣ ташкил кардаанд".

Додситонӣ мегӯяд, рӯзи 1 июл рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов сокинони Қарақалпоқистонро даъват кард, ки рӯзи 5 июл "барои озодии Қарақалпоқистон" гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Рӯзноманигорро барои даъват ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ боздошт карданд. Ҷонибдорони рӯзноманигор "бетартибии оммавӣ ташкил" ва озодии ӯро талаб карданд. Мақомот рӯзноманигорро озод карданд.

"Сарфи назар аз ин, Тоҷимурод ва тарафдоронаш бетартибиро идома дода, ба неруҳои қудратӣ муқобилат нишон додаву талош кардаанд, ки сохти конститутсиониро барҳам зада, қудратро ғасб кунанд", - омадааст дар изҳороти додситонии Узбекистон.

Рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол дар шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон нооромӣ сар зад.

Эътирозгарон гуфтанд, аз тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон норозиянд, чун "мустақилӣ"-и онҳоро аз байн мебарад.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар ин рӯйдод дар Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар, аз ҷумла 38 афсар, захмӣ шуданд. То кунун дар бораи боздошти беш аз 500 кас гузориш расидааст.

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG