Тимур Султонов, вакили мудофеи ҷабрдида гуфт, дар додгоҳ се шоҳид пурсида шуд.
"Имрӯз айбдоршавандаҳо эътирофи гуноҳ накарданд. Дар ҷаласаҳои додгоҳӣ мо бори дигар мавқеи онҳоро хоҳем шунид", - гуфт вакили мудофеъ.
Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки айбдоршавандаҳо як духтари 13-соларо таҷовуз кардаанд. Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон сару садои зиёде ба бор овард. Фаъолон истеъфои вазири корҳои дохилиро талаб карданд.