Нашрия менависад, ширкатҳои хориҷӣ аз 515 ҳавопаймое, ки ба ширкатҳои русиягӣ тариқи лизинг ба иҷора дода буданд, баъди ҳамлаи Русия ба Украина ва эълом шудани таҳримҳо нисбати Русия ҳамагӣ 80 адади он ҳавопаймоҳоро баргардонидаанд. Ҳамсуҳбатони нашрия гуфтаанд, соҳибони ҳавопаймоҳо ба хулоса расидаанд, ки наметавонанд, ҳавопаймоҳояшонро аз Русия бозпас бигиранд. Ҳаҷми маблағи даъвоӣ аз ширкатҳои бима ба 10 миллиард доллар расидааст.
Нашрия аз талоши нокоми баргардонии ҳавопаймои Аэрофлот нақл мекунад, ки дар Шриланк ҳабс шуда буд. Он ҳавопаймо ба ширкати лизингии ирландии AerCap рабт дошт, ки Москва таҳдид кард, дар сурати баргардонии ҳавопаймо ба Ирландия, интиқол нафт ба Шринланкро қатъ ва робитаҳои дипломатиро барҳам мезанад. Ба ин тартиб, ҳавопаймои Airbus 330-300 баъди чанд рӯзи нигаҳдорӣ дар фурудгоҳи Коломбо ба Москва баргардонида шуд.
Таҳримҳо ба бахши ҳавопаймоии Русия бесобиқа ҳастанд. Ба ин таҳримҳо 37 кишвар аз Иттиҳоди Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Осиё пайвастаанд. Ба иловаи манъи лизинг ва фурӯши ҳавопаймо ба ширкатҳои русӣ, ҳамчунин фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ, нармафзорҳо ва хидматрасонӣ ба ширкатҳои русӣ қатъ шудааст.