Ссылки доступа

Бонки миллии Узбекистон пулҳои 200-ҳазорсӯмиро ба муомилот мебарорад


Бонки марказии Узбекистон тасмим гирифт, ки пулҳои нави 200-ҳазорсӯмиро аз 15 июл ба муомилот барорад.

Ин пулҳо ба мавзуи "Роҳи бузурги абрешим" ва таърихи қадимии водии Фарғона бахшида шудаанд.

Дар қисмати рости ин пулҳо акси шутур - рамзи "Роҳи бузурги абрешим" нақш ёфтааст.

Дар қисмати чапи 200-ҳазорсӯмӣ ёдгории "Худоёрхон урдасӣ" нақш ёфтааст, ки дар шаҳри Қуқанди вилояти Фарғона ҷойгир аст.

Дар моҳи декабри соли гузашта Узбекистон пулҳои 50-ҳазорсӯмӣ ва 100-ҳазорсӯмиро ба муомилот бароварда буд.

XS
SM
MD
LG