Ссылки доступа

Президенти Туркманистон бо сафари давлатӣ вориди Узбекистон мешавад


Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон рӯзҳои 14-15 июл бо сафари давлатӣ ба Узбекистон меравад. Вай бо ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев мулоқот мекунад ва ба Самарқанд меравад.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, дар ҷараёни дидор ду президенти масоили рушд ва тақвияти ҳамкориҳои Узбекистону Туркманистониро баррасӣ мекунанд.

Дар поёни дидор нашри изҳороти муштарак ва имзои санадҳои дуҷониба дар назар аст.

Сардор Бердимуҳаммадов бо вакилони Маҷлиси Олии Узбекистон мулоқот мекунад ва Самарқанд низ меравад.

XS
SM
MD
LG