Ин қарорро додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 13 июл содир кард.
Бекмирзоева дар "Азхудсозӣ ё исрофи молу мулки ғайр" айбдор мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон пештар нисбати ширкати "Иҳсон" бо моддаҳои "Қаллобӣ" ва "Азхудсозӣ ё исрофкории молу мулки ғайр" парванда боз карда буд.
Тафтишот мегӯяд, роҳбарияти "Иҳсон Групп ЛТД" ба сокинон дар ҳаҷми 121 млн 313 ҳазор сом зиён расонидааст.
Мақомот аз сокинон хостанд, ки ба ширкати мазкур ҳамкорӣ накунанд ва маблағ низ надиҳанд, зеро дар фаъолияти ин ширкат "усулҳои пирамидаи молӣ" дида мешавад.