Ссылки доступа

Пулиси Қазоқистон эътирозгарони пушти дари қароргоҳи президентро боздошт кард


Пулиси Қазоқистон наздикони фавтидагони ҳодисаҳои моҳи январро боздошт кард, ки пушти дари қароргоҳи президент гирдиҳамоӣ ташкил карда буданд.

Гирдиҳамомадагон мулоқот бо президентро талаб доштанд ва аз президент афви қурбониёни ҳодисаҳои хунуни моҳи январро мехостанд. Бакитҷон Шингисбеков, яке аз эътирозгарон гуфт, ки ҳамаи онҳоро боздошт кардаву ба идораи пулис мебаранд.

Мақомот ба эътирозгарон гуфтаанд, ки гирдиҳамоияшон ғайриқонунӣ аст.

Хешовандони фавтидагони ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон аз минтақаҳои он кишвар дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуда, се шабро пушти дари қароргоҳи президент гузарониданд. Бисёре аз фавтидагони гирдиҳамоии осоиштаи моҳи январро мақомоти тафтишотии Қазоқистон "иштирокдорони бетартибиҳо" ва ё "террорист" унвон кардаанд.

Дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Қазоқистон ибтидои соли ҷорӣ, ба иттилои расмӣ, 232 кас фавтидааст. Шаш тани дигар дар натиҷаи шиканҷа дар идораҳои пулис кушта шудааст. Сарфи назар аз даъватҳо, мақомоти Қазоқистон коршиносони байналхалқиро дар тафтишот даъват накарданд.

XS
SM
MD
LG