Ссылки доступа

Дар ҷануби Қирғизистон як корманди пулисро дар пинҳон кардани марзшиканон гумонбар мекунанд


Дар манзили яке роҳбарони пулиси ноҳияи Лайлаки Қирғизистон се шаҳрванди кишвари ҳамсояро ошкор карданд, ки дар убури ғайриқонунии марз гумонбар мешаванд. Дар ин бора маркази матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Мақомоти он кишвар дар манзили корманди пулис дар доираи парвандаи "Убури ғайриқонунии марз" кофтукоб анҷом додаанд.

Ба иттилои КДАМ, корманди пулис "дидаву дониста дар бораи убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон, барои зиндагӣ ва кори онҳо шароит фароҳам овардааст".

Мақомоти Қирғизистон аз боздошти шаҳрвандони кишвари ҳамсоя хабар дода, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки боздоштшудаҳо шаҳрванди кадом кишваранд.

XS
SM
MD
LG