Ссылки доступа

Дар Узбекистон муҳлати баррасии тағйиротро ба Конститутсия бори севум тамдид карданд


Палатаи қонунгузори Маҷлиси олии Узбекистон муҳлати баррасии умумимиллии тағйирот ба Конститутсияро бори севум тамдид кард. Ин бор то 1 август. Дар ин бора рӯзи 15 июл аз маркази матбуотии Маҷлиси олии Узбекистон хабар доданд.

Тарҳи тағйирот ба Конститутсияи Узбекистон рӯзи 25 июн нашр шуд ва барои муҳокимаи он 10 рӯз муҳлат ҷудо гардида буд. Аммо баъди ҳодисаҳои Нуқус дар рӯзҳои 1-2 июл Маҷлиси Олии Узбекистон 10 рӯзи дигар муҳлати баррасиро тамдид кард.

Дар ҷаласаи рӯзи 4 июл Палатаи қонунгузори Узбекистон тасмим гирифт, ки моддаҳои марбут ба истиқололи Ҷумҳурии Қарақалпоқистонро бетағйир боқӣ гузорад.

Санаи раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Узбекистон ҳанӯз эълом нашудааст. Интизор меравад, ки раъйпурсӣ ба Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Узбекистон иҷоза медиҳад, ду давраи дигари 7-солӣ ба мақоми президентӣ номзад шавад.

Комисияи конститутсионии Узбекистон хабар дод, ки сокинон барои тағйиру иловаҳо ба Конститутсия "85 ҳазор пешниҳод ирсол кардаанд".

XS
SM
MD
LG