Ссылки доступа

Сарнавишти талхи занони дувум (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Сарнавишти талхи занони дувум. "Қонун ҳаст, вале монеъ намешавад"

Дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёрзанӣ ё полигамияро қонун манъ мекунад ва расман ибораи зани дувум вуҷуд надорад. Бо вуҷуди пешбинӣ шудани ҷазо барои чандҳамсарӣ дар ин кишварҳо, сафи занҳои ба истилоҳ дувуму севум кам намешавад ва мушкили онҳову фарзандонашон низ сол то сол меафзояд. (видео)

- Баҳси суръату сифати Интернет дар Тоҷикистон.​ Баҳонаи муовини раиси Хадамоти алоқа дар бораи суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон баҳси зиёдро бапо кард. Дар ҳоле ки мардум ширкатҳои мухобиротӣ ва Хадамоти алоқаро ба танзими, ба гуфтаашон, нодурусти Интернет танқид мекунанд, Илҳом Атоев рӯзи 13-уми июл гуноҳро ба дӯши муштариён гузошт. (видео)

- "Нархи бозор рӯз аз рӯз боло меравад. Фақат Худо медонад, ки ист мекунанд". Беқурбшавии пул қазоқистониҳоро ба сарфакорӣ водор кардааст (видео)

- Зиндагӣ дар хонаи намнок ва дар канори қурбоққаҳо. Бошандагони 17 хона дар ноҳияи Фархор мегӯянд, чанд сол боз дар даруни об зиндагӣ доранд. Дар ҳавлӣ фақат мӯза мепӯшанд ва хонаҳо пур аз қурбоққа аст. Муроҷиати пайвастаи сокинон ба мақомот бенатиҷа будааст (видео)

- Гармтарин шаҳри Тоҷикистон ҳавзи шиноварӣ надорад.​ Дар рӯдхонаи Вахш ҷасади донишҷӯеро ҷустуҷӯ доранд, ки 20 рӯз пеш ҳангоми оббозӣ дар дарё ғарқ шуд. Дар ин рӯдхона танҳо ҳамин сол даҳҳо нафар ғарқ шудаанд. Сабаб чист? (видео)

- Чаро хабарнигорон ҳадафи мақомот қарор гирифтаанд? ​Баъди тақрибан як моҳи боздошти Далери Эмомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатӣ дастгир шудани ду хабарнигори дигар ҷомеаи журналистони тоҷикро такон дод. Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, журналист ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро мақомот ба бозпурсӣ даъват карда, дигар ҷавоб надодаанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG