Ссылки доступа

Раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ота мулоқот мекунанд


Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) рӯзҳои 20 ва 21 июли соли равон дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкули Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора сардори шуъбаи сиёсати хориҷии маъмурияти президенти Қирғизистон Муродбек Азимбеков иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин вохӯрӣ президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон - Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов, Қосимҷомарт Тоқаев, Сардор Бердимуҳаммадов ва Шавкат Мирзиёев иштирок хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2017 ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бори нахуст пешниҳод кард, ки мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шавад.

Мулоқоти якуми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2018 дар пойтахти Қазоқистон барпо шуда буд.

XS
SM
MD
LG