Дар ин бора ширкати "Истгоҳҳои барқӣ"-и Қирғизистон хабар дода, гуфтааст, 18 июл ҳаҷми об дар обанбори Тоқтагули ин кишвар 12 миллиарду 699 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи масъулони ширкат, ин нишон дод назар ба соли гузашта 1 миллиарду 175 миллион метри мукааб бештар мебошад.
Ширкат афзудааст, ки дар робита ба истеъмолгарони дохилӣ ҳеч гуна маҳдудият ҷорӣ нахоҳад шуд.