Ссылки доступа

Теъдоди қурбониёни ҳодисаҳои Қароқалпоқистон бештар шуд


Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов хабар дод, ки шумори қурбониёни ҳодисаҳои 1 ва 2 июл дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон ба 21 нафар расид.

"Мутаассифона, сарфи назар аз кушиши табибон се нафари дигар фавтид", - иттилоъ додааст ӯ.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар ҳодисаҳои Нуқус 18 нафар, бо шумули 4 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷон бохтааст. Ба гуфтаи Шамсуддинов, дар ҳоли ҳозир дар беморхона 16 тани дигар бистарӣ мебошад ва ҷамъан дар натиҷаи нооромиҳо 274 кас барои кумаки тиббӣ муроҷиат кардааст.

Бино ба иттилои додситонӣ, 141 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 16 сокини маҳаллӣ, ки ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд, ҷабрдида эътироф гаштаанд.

Эътирозҳо дар шаҳри Нуқус, маркази Қароқалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июл зидди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон, ки ҳазфи худмухтории ин минтақаро пешбинӣ мекард, сар заданд.

XS
SM
MD
LG